Раиси ҲСДТ аз ошёнаи сеюми бинои як сохтмон афтида, ҷароҳатҳои сабук бардошт



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз ошёнаи сеюми бинои як сохтмон афтида, ҷароҳатҳои сабук бардошт.

Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса рӯзи 26 июн дар бинои мавриди сохтмон қарордоштаи дафтари кории ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

«Дар вақти ғалтидан қафаси сина ва шушам ҷиддӣ беҷо шуда, паҳлӯи ростам ва пои ростам ҷароҳат гирифтаанд. Маро дар бемористон бистарӣ карданӣ буданд, вале ман рад карда, дар хона табобат мегирам. Айни замон худро хуб ҳис мекунам», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 июни соли равон Раҳматилло Зойиров

дар саҳифаи худ дар Фейсбук

дар мавриди мавқеъи кунунии сиёсиаш изҳор дошта буд: «Аввал, саломатии ман хуб ва мавқеам дигар нашуда, дуюм, фишороварӣ нисбати ман кушод нест, балки ба аъзои ҲСДТ ва одамҳое дар атрофи ман фишор меоваранд, ки аз ҳамкорӣ бо Р. Зойиров даст кашанд. Ин ҷароҳат ягон характери сиёсӣ ё маъмурӣ надошта, бо сабаби аз ҷониби ман риоя накардани техникаи бехатарӣ дар сохтмон ба миён омад».

spot_imgspot_img

Популярное