Нашри акси тифли навзоди Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед дар Интернет



Пас аз чопи маълумот дар васоити ахбори умум дар бораи туйи издивоҷи овозхонони маъруфи ҷумҳурӣ Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед дар моҳи сентябри соли 2014, акси онҳо бо духтарчаи навзодашон дар Интернет интишор гардид.

Имрӯз, 2 июл Фаридуни Хуршед дар саҳифаи фейсбукии худ акси ҳамроҳ бо Фарзона ва тифли навзодашонро

гузошт

.

Бино ба маълумоти ВАО духтарчаи овозхонон рӯзи 26 июн дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Қобили зикр аст, ки Фарзонаи Хуршед духтари овозхони шинохтаи кишвар Сурайё Қосимова буда, Фаридуни Хуршед фарзанди оҳангсоз Хуршед мебошад, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ барои Сурайё Қосимова ва сипас барои духтаронӣ ӯ – Шабнаму Фарзона оҳанг меофаридааст.

Тибқи маълумоти ВАО, соли 2014 Фаридун ҳамроҳ бо Шабнаму Фарзона дар маросими тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards дар Ню-Йорк ширкат варзида, ба ҷоизаи «Падидаи сол» ва Фарзона ба ҷоизаи «Беҳтарин овозхони Тоҷикистон» соҳиб шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное