Сафири Олмон дар Тоҷикистон Холгер Грин зимни нишасти хабарие, ки дар Дафтари ИА доир гардид, гуфт, Олмон ҳамчун узви ИА ба ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ҳавасманд аст.
Ба назари ӯ, таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёре аз кишварҳо суботи кишвар дар натиҷаи идораи нодурусти давлат аз даст меравад.
«Демократикунонии ҷомеа метавонад кафили сулҳу суботи кишвар гардад»,-зикр кард сафири Олмон ва ҳамчунин афзуд, ки Олмон то соли 2020 дар ҳаҷми 190 миллион евро ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонад.
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа изҳор намуд, ки таъмини волоияти қонун, ки барои ҳифзи суботи Тоҷикистон бениҳоят муҳим аст, принсипҳои муҳими ИА ба шумул меравад ва Фаронса ба ин принсип ҳамфикр буда, аз он пуштибонӣ мекунад. «Сулҳу субот бидуни демократикунонии ҷомеа номумкин аст», – афзуд сафир.





