Ҳукумат сохтмони меҳмонхонаро аз пардохти андозҳо озод карданист

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015»-ро омода мекунад, ки мутобиқи он сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандгони роҳҳои автомбилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015»-ро омода мекунад, ки мутобиқи он сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандгони роҳҳои автомбилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, тағйироту иловаи мазкур ба буҷет баъди таътили тобистонаи вакилон ба парлумон пешниҳод шуда, алҳол миқдор маблағе, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ворид намешавад, маълум нест.

Соли гузашта бо пешниҳоди ҳукумат ин иншоот барои ворид намудани таҷҳизот ба ҷумҳурӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, он замон ҳаҷми маблағҳои аз пардохти андозҳо озодшуда 7 млн. 627 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори 16-ошёнаи «Исмоили Сомонӣ» дар маркази пойтахт соли 2006 шурӯъ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.