Шиносоии нахуствазир бо корҳои мустаҳкамкунии соҳил дар дарёи Панҷ

Бо дастури  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрўз  Сарвазири мамлакат  Қоҳир  Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дидан карда, бо ҷараёни  корҳои  мустаҳкамкунии соҳил  шинос  шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Қоҳир Расулзода бо  корҳои мустаҳкамкунии соҳил, ки бо дастгирӣ ва  маблағгузории  ҳукумати мамлакат аз ҷониби Агентии беҳдошти […]

АМИТ "Ховар"



Бо дастури  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрўз  Сарвазири мамлакат  Қоҳир  Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дидан карда, бо ҷараёни  корҳои  мустаҳкамкунии соҳил  шинос  шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Қоҳир Расулзода бо  корҳои мустаҳкамкунии соҳил, ки бо дастгирӣ ва  маблағгузории  ҳукумати мамлакат аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода  мешаванд,  дар мавзеъҳои нисбатан хавфноки Сарбанд ва Хатлони  соҳили  дарёи  Панҷ   ва  мавзеи  наздик ба канали Чӯбек  шинос  шуд.

Тавре ки таъкид гардид, дар сарбанди канали Чӯбек  бо мақсади таҳкими  соҳили ин иншооти обрасон  240  адад  хишти  калонҳаҷми бетонӣ хобонида шуда,  барои эҳтиёт боз 100 адад чунин масолеҳи соҳилбандӣ захира  шудааст. Бо дастури  Сарвари  давлат ба тариқи иловагӣ барои пешбурди корҳои мустаҳкамкунии соҳил  миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ ва сўзишворӣ ҷудо  гардидааст, ки барои омода намудани хиштҳои бетонии калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.

 Бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои мустаҳкамкунии соҳил  ва  пешгирӣ намудани хавфи обхезиҳо дар маҳаллаҳои  наздик ба соҳил   дастур дода шуд, ки масолеҳи зарурӣ  барои корҳои мустаҳкамкунии соҳил,  аз қабили сўзишворӣ, семент, хиштҳои  бетонӣ  ва  симтӯр  ба  миқдори  зарурӣ  захира шаванд.

Дар  мавсими гармои имсола  маҷрои дарё нисбат ба солҳои қаблӣ  нисбатан сероб буда, эҳтимолияти сар задани обхезӣ ва шуста бурдани саддҳои соҳилбанд  афзун мебошад. Вобаста  ба  ин аз масъулини дахлдор талаб карда шуд, ки барои пешбурди корҳои асосии мустаҳкамкунии соҳил,  пеш аз ҳама бояд барои барқарор намудани фаъолияти  коргоҳи  коркардаи  сангу  шағал  ва  қум тадбирҳо андешида,  шумораи  техникаи кориро афзун намоянд. Ҳамчунин масъулини  соҳа, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки   корҳои асосии мустаҳкамкунии соҳилро    дар  се баст ба роҳ монда,  барои    назорати  сатҳи  об  ва  маҷрои  дарё дар ин мавзеъҳо навбатдории шабонарўзӣ ташкил намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.