Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар ҷаласаи имрӯзаи худ муроҷиати Шӯрои Олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ ба СММ, САҲА ва кишварҳои кафили сулҳу ризоият дар Тоҷикистонро баррасӣ намуд.
Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ин муроҷиати ҲНИТ-ро маҳкум ва «ногаҳониву бемулоҳиза» унвон кард.
«Ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо ба ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар аҳолии бегуноҳ, зиёни баробар ба миллиардҳо доллар, гуреза шудани беш аз 1 млн. нафар сокинони ҷумҳурӣ боис гардид ва имрӯз зери шубҳа гузоштани ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон ба ақли солим рост намеояд», – қайд мешавад дар изҳороти ҲКТ.
Дар идома зикр мегардад, ки изҳороти ҲНИТ перомуни тарафи дуюми сулҳу созиш дар Тоҷикистон будан, ба ҳақиқати таърихӣ мутобиқ нест. «Сулҳу созиш дар Тоҷикистон миёни ҳукумати кишвар ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ба даст омад ва ҲНИТ як қисми ин Иттиҳод буд», – зикр мекунанд коммунистони тоҷик.
Дар изҳороти КМ ҲКТ қайд мешавад, ки дар ҳама гуна ҷомеаи ҳуқуқӣ ҳар касеву ҳар ҳизбе назди қонун баробаранд ва аз ин рӯ, барои қонуншиканӣ ё содир намудани ҷиноят пас аз расидан ба сулҳу ризоият, мисли дигарон ҲНИТ низ бояд худаш ҷавоб гӯяд.
«Бо дарки арзиши сулҳу созиш дар ҷомеаи Тоҷикистон, Ҳизби коммунист аз мардуми кишвар даъват мекунад, ки сулҳу оромӣ дар сарзамини моро гиромӣ дошта, ваҳдат дар ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд», – баён мегардад дар изҳороти ҲКТ.



