Ҳизби коммунист муроҷиати ҲНИТ-ро «ногаҳонӣ ва бемулоҳиза» унвон кард

Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар ҷаласаи имрӯзаи худ муроҷиати Шӯрои Олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ ба СММ, САҲА ва кишварҳои кафили сулҳу ризоият дар Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ин муроҷиати ҲНИТ-ро маҳкум ва «ногаҳониву бемулоҳиза» унвон кард. «Ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо ба ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар аҳолии […]

Аваз Юлдошев



Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар ҷаласаи имрӯзаи худ муроҷиати Шӯрои Олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ ба СММ, САҲА ва кишварҳои кафили сулҳу ризоият дар Тоҷикистонро баррасӣ намуд.

Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ин муроҷиати ҲНИТ-ро маҳкум ва «ногаҳониву бемулоҳиза» унвон кард.

«Ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо ба ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар аҳолии бегуноҳ, зиёни баробар ба миллиардҳо доллар, гуреза шудани беш аз 1 млн. нафар сокинони ҷумҳурӣ боис гардид ва имрӯз зери шубҳа гузоштани ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон ба ақли солим рост намеояд», – қайд мешавад дар изҳороти ҲКТ.

Дар идома зикр мегардад, ки изҳороти ҲНИТ перомуни тарафи дуюми сулҳу созиш дар Тоҷикистон будан, ба ҳақиқати таърихӣ мутобиқ нест. «Сулҳу созиш дар Тоҷикистон миёни ҳукумати кишвар ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ба даст омад ва ҲНИТ як қисми ин Иттиҳод буд», – зикр мекунанд коммунистони тоҷик.

Дар изҳороти КМ ҲКТ қайд мешавад, ки дар ҳама гуна ҷомеаи ҳуқуқӣ ҳар касеву ҳар ҳизбе назди қонун баробаранд ва аз ин рӯ, барои қонуншиканӣ ё содир намудани ҷиноят пас аз расидан ба сулҳу ризоият, мисли дигарон ҲНИТ низ бояд худаш ҷавоб гӯяд.

«Бо дарки арзиши сулҳу созиш дар ҷомеаи Тоҷикистон, Ҳизби коммунист аз мардуми кишвар даъват мекунад, ки сулҳу оромӣ дар сарзамини моро гиромӣ дошта, ваҳдат дар ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд», – баён мегардад дар изҳороти ҲКТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.