Вокуниши аҳзобу мақомоти давлатӣ ба муроҷиати ҲНИТ

Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Маркази исломшиносӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар робита ба муроҷати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба СММ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон изҳорот пахш намуданд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, номзади илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар изҳор доштааст , ки ҳеҷ касе ҳаққи ҳарф задан аз ҷониби […]

Меҳрангез Турсунзода



Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Маркази исломшиносӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар робита ба муроҷати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба СММ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон

изҳорот

пахш намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, номзади илмҳои таърих

Худобердӣ Холиқназар изҳор доштааст

, ки ҳеҷ касе ҳаққи ҳарф задан аз ҷониби Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик (ИНОТ)-ро надорад.

«Қобили зикр аст, ки  имрўз Ҳизби наҳзат кӯшиш карда истодааст, ки аз номи Иттиҳоди опозитсиюни тоҷик ҳарф занад, ки  ин комилан нодуруст аст. Маълум аст, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ  аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ду намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон, як намояндаи созмони «Лаъли Бадахшон»  ва як намояндаи муҳоҷирони тоҷик иборат буд.  Яъне дар маҷмўъ. Ҳизби наҳзат дар музокирот ҳамагӣ 25%  намояндагӣ дошту халос.  Имрўз даъвои аз номи ИНОТ ҳарф задани роҳбарияти имрўзаи Ҳизби наҳзат камоли пуррўйӣ аст», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба АМИТ «Ховар».


Маркази исломии Тоҷикистон ба ҲНИТ тавсия медиҳад

, ки созишномаи сулҳи миёни тоҷиконро бори дигар бихонанд ва дар ибораи «иҷро нашудани Созишномаи сулҳ» чиро дар назар доранд.

«Агар ишораи муаллифони муроҷиатномаи ҲНИТ дар пасманзари ин ҷумла нокомиҳои ҲНИТ дар арсаи сиёсат ва махсусан интихоботи парлумонӣ, боздошт шудани баъзе аъзои ин ҳизб дар амалҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ғайри қонуни гирифта гаштани яроқ, азхудкунии амволи ғайр, қаллобию дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бошад, пас онҳоро бояд ҳушдор дод, ки як маротиба бандҳои алоҳидаи Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллиро варақ зананд, то дар кадом банди он омадааст, ки бояд аъзои ҲНИТ умрбод аз ҷавобгарӣ барои дилхоҳ ҷазо озоданд ва ҳаркасе, ки аъзои ин ҳизб шуд, бояд ҳатман бологузару дахлнопазир бошад?Ноком шудани ҲНИТ ҳаргиз маънои ноком шудани таҷрибаи нодири сулҳофаринии тоҷиконро надорад», – омадааст дар изҳороти Марказ.


Шӯрои сиёсиии Ҳизби Демократи Тоҷикистон

дар изҳороти худ дар ин робита зикр мекунад, ки муроҷиатномаи ҲНИТ онҳоро нороҳат сохтааст.

«Мо аз он норозӣ ҳастем, ки ҲДТ чун узви ИНОТ-и пешин низ яке аз ҳамшарикон ва ниҳоди калидии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аст, аммо роҳбарони ин ҳизб чаро бо ҳамсафони пешинашон боре ин масъаларо дар миён нагузошта, якбора бо ин шӯру ҳаяҷон қазияро ба саҳнаи байналмилӣ кашидаанд?. Аъзои ҲДТ низ дар гирудорҳои сиёсиву низомии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 гирифтори мушкилот, таъқибу фишор шуда, баъзе аз аъзои он куштаву нобуд ва қисме ҳам бандиву зиндон шуданд. Вале ҳаргиз умед ва такя ба нерӯҳои сиёсии беруна накард, агарчи аввалин қувваи сиёсии оппозитсионӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон буд», – баён мегардад дар изҳороти Ҳизби демократ.

Раёсати Кумитаи марказии Ҳи

зби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ)

низ дар ҷаласаи имрӯзаи худ муроҷиати Шӯрои Олии сиёсии ҲНИТ-ро

баррасӣ намуда,

онро маҳкум ва «ногаҳониву бемулоҳиза» унвон кард.

Ёдрас мекунем, ки санаи 1 июн Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар

ба кишварҳои кафили сулҳ миёни тоҷикон муроҷиат намуд.

ҲНИТ бар ин назар аст, ки зулм нисбати ҳизб метавонад сатҳи тундгароӣ миёни аҳолиро зиёд карда, амният дар минтақаи Осиёи Марказиро зери хатар гузорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.