ВКД: 9 ҳодисаи ғарқшавӣ дар як шабонарӯз

Танҳо давоми як шабонарӯз, 3 июл дар дарёву кӯлҳои Тоҷикистон 9 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост намудааст, ки зимни оббозӣ эҳтиёткор бошанду назди ҳавзу кӯл ва дарёҳо кӯдакони хурдсолро беназорат нагузоранд. Тибқи маълумоти ВКД, қариб ҳамаи ҳодисаҳо ҳангоми оббозӣ […]

Меҳрангез Турсунзода



Танҳо давоми як шабонарӯз, 3 июл дар дарёву кӯлҳои Тоҷикистон 9 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост намудааст, ки зимни оббозӣ эҳтиёткор бошанду назди ҳавзу кӯл ва дарёҳо кӯдакони хурдсолро беназорат нагузоранд.

Тибқи маълумоти ВКД, қариб ҳамаи ҳодисаҳо ҳангоми оббозӣ ва дар натиҷаи беэҳтиётӣ ва камтаваҷҷуҳии волидон ба вуқӯъ пайваста, дар ноҳияи Восеъ кӯдаки 1-солае, ки бе нигоҳубин гузошта шуда буд, дар ҳавзи назди ҳавлӣ ғарқ ва ҳалок шудааст.

Ба иттилои манбаъ, сокини 15-солаи ноҳияи Ишкошим ба Гармчашма афтода, ҳалок шудаст ва ҷустуҷӯи ҷасадаш ҳоло идома дорад.

Дар Шаҳринав кӯдакони 5 ва 3-сола ҳангоми оббозӣ дар ҷуйбор (канал) ғарқ шуда, дар ноҳияи Рӯдакӣ писарчаи 4-сола ба дарё афтода, ғарқ шудааст.

Дар дарёи Кофарниҳон сокини 27-солаи шаҳри Душанбе ғарқ шуда, зани 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми обгирӣ ногаҳон ба дарёи Ёвонсу афтода ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдаки 2-сола ғарқ шуда, ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё ҷавони 18-сола ҳалок шудааст ва ҳамчунин дар дарёи Қаратоғ низ кӯдаки 10-солаи сокини шаҳри Турсунзода низ зимни оббозӣ ғарқ ва ҳалок шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.