Вазири тандурустӣ муолиҷаи Маҳмадносири хурдсолро ба уҳда гирифт

Як гурӯҳ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба расонидани кумак барои табобати Маҳмадносири хурдсол, ки ба як бемории гоҳ-гоҳ дучормеомада гирифтор асту, табибон дар гузоштани ташхиси ин касалии ӯ мушкилӣ доранд, имрӯз ба қабули вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Файзулло рафтанд. Кӯдак мудом аз хориш азият мекашад. Муҳайё Нозимова, яке аз узви ин гурӯҳ ба «Азия-Плюс» […]

Меҳрангез Турсунзода



Як гурӯҳ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба расонидани кумак барои табобати Маҳмадносири хурдсол, ки ба як бемории гоҳ-гоҳ дучормеомада гирифтор асту, табибон дар гузоштани ташхиси ин касалии ӯ мушкилӣ доранд, имрӯз ба қабули вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Файзулло рафтанд. Кӯдак мудом аз хориш азият мекашад.

Муҳайё Нозимова, яке аз узви ин гурӯҳ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба қабули вазир дар маҷмӯъ 12 нафар рафтаанд. Табибони кӯдак гуфтаанд,  барои муолиҷаи ӯ аз тамоми имконоту қобилияташон кор гирифтаанд.

Соли 2013 дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона дар Душанбе талхадони ин кудак гирифта шудааст, зеро табибон ин узвро сабаби хоришак донистаанд.

«Вазир ба мо гуфт, ки дар ин ҷо табибон ба ҳеҷ иштибоҳе роҳ надодаанд, чунки баъзан хориш бинобар сабаби мушкилот бо талхадон пайдо мешавад ва гузашта аз ин, ҳеҷ як ҷарроҳӣ бидуни розигии волидон сруат намегирад», – мегӯяд Нозимова.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вазир фаҳмонидаанд, ки онҳо назди ӯ на барои эътироз, балки ҷиҳати донистани мавқеи Вазорати тандурустӣ оид ба ин масъала, яъне минбаъд чӣ чора андешидани вазорат нисбат ба ин масъала омадаанд.

«Вазир посух дод, ки Маҳмадносир таҳти назорат буда, вале касалиаш хеле кам вомехӯрад, аз ин рӯ, ташхис гузоштан ба он душвор аст. Ӯ ба мо итминон дод, ки худаш ҳам ба солим гаштани ин кӯдак манфиатдор буда, ҳамчун падару инсон ба ҳоли кӯдак дилаш месӯзад. Ӯ гуфт, ки вазорат ба Санкт-Петербург барои имкони муайян кардани ташхис ва табобат дархост равона карда, вале аз онҷо қонеъ кардани ин дархостро рад кардаанд. Айни замон аз Маскав посухро интизоранд. Дар ҳамин ҳол, вазир моро бовар кунонид, ки муолиҷаи кӯдакро пурра ба уҳдаи худ мегирад», – қайд кард Нозимова.

Вазир қотеъона ваъда додааст, ки Вазорати тандурустӣ барои табобати кӯдак дармонгоҳ дарёфт хоҳад кард ва бо ин мақсад воситаҳои муайяне ҳам ҷудо мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Нозимова изҳор кард, ки алҳол онҳо бекор нанишаста, ба қабули дармонгоҳи Ибни Сино мераванд. Тибқи баъзе маълумот, дар муолиҷаи чунин бемориҳо табибони Эрон таҷриба доштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.