Э.Раҳмон: Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо ИМА ҳамаҷониба талош хоҳад варзид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Барак Ҳусейн Обама ба муносибати Иди миллии ин кишвар – 239-умин солгарди Рузи истиқлолият барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Барак Ҳусейн Обама ба муносибати Иди миллии ин кишвар – 239-умин солгарди Рузи истиқлолият барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ИМА манфиатдор монда, ба вазъи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир менамояд.

«Боиси хушнудист, ки раванди ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистон ва ИМА имрӯз фарогири бисёр соҳаҳои сиёсӣ, амниятию низомӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ гардида, дар ин росто ҳамкории пурмаҳсули ҷонибҳоро дар масъалаҳои гуногуни таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ низ хуб арзёбӣ менамоем», – омадааст дар барқия.

Дар барқияи худ сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон мекунад, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии кишварҳо дар ояндаи наздик ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро фаро гирифта, Тоҷикистон дар ин самт саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.