Тадбирҳои шаҳрдории Хуҷанд дар робита ба гармои шадид

Дар робита ба гармои шадид, ки тайи рӯзҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон ҳукмфаром аст, мақомоти шаҳрдории Хуҷанд як қатор тадибрҳо рӯйи даст гирифт. Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар ин маврид иттилоъ медиҳад, тибқи дастури раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода тамоми марказхои саломатӣ, беморхонаҳо ва муассисахои иҷтимоӣ чораҳои пешгирӣ намудани аз нури офтоб зарар дидани сокинонро андешидаанд. […]

ASIA-Plus



Дар робита ба гармои шадид, ки тайи рӯзҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон ҳукмфаром аст, мақомоти шаҳрдории Хуҷанд як қатор тадибрҳо рӯйи даст гирифт.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар ин маврид иттилоъ медиҳад, тибқи дастури раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода тамоми марказхои саломатӣ, беморхонаҳо ва муассисахои иҷтимоӣ чораҳои пешгирӣ намудани аз нури офтоб зарар дидани сокинонро андешидаанд.

Гуфта мешавад, ба роҳбарони кӯдакистонҳо дастур дода шудааст, дар соатҳои қиёми офтоб ва гармӣ ба ҳарорати ҳавои хонаю ҳуҷраҳои онҳо эътибори ҷиддӣ дода, соати машғулиятҳои кӯдаконро тибқи нишондоди духтурон тартиб диҳанд. Ҳамчунин тариқи расонаҳои иттилоотӣ баромади мутахассисон ва духтурон ташкил карда шуда сокинонро  доири талаботи санитарӣ ва сиҳатии бошандагони шаҳр дар ин рӯзҳои гармои бесобиқа огоҳ менамоянд.

Зикр мегардад, ки раиси шаҳр ба идораҳои таъминоти об ва фаъолияти ташноб, муассисаи нақлиёти сантирӣ, идораи таъмини фаъолияти фаввораҳо супориши қатъӣ дод, ки таъминоти шабонарӯзии сокиноро бо об сари вакт кашондани партов ва фаъолияти фаввораҳоро таъмин ва назорат намоянд. Дар маркази вилоят алҳол 13 фаввораҳои доимоамалкунанда ҳусни шаҳрро зеб медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.