Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар Ховалинг

Дар канори маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон нахустин корхона дар ин минтақаи кӯҳӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмони инертӣ бо иқтидори истеҳсолии то 200 тонна шағал (сангреза) ва рег дар як сол мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи корхона қайд карда шуд, ки ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хайрулло Одинаев бунёд гардида, […]

Турко Дикаев



Дар канори маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон нахустин корхона дар ин минтақаи кӯҳӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмони инертӣ бо иқтидори истеҳсолии то 200 тонна шағал (сангреза) ва рег дар як сол мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи корхона қайд карда шуд, ки ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хайрулло Одинаев бунёд гардида, ӯ ба маблағи беш аз 2 млн. сомонӣ аз бонк қарз гирифта, барои ин корхона таҷҳизоти истеҳсоли Эрон харидааст.

Соҳибкор Х.Одинаев дар ин робита изҳор намуд, ки аллакай рӯзҳои аввали фаъолияти корхона дурусту саривақтӣ будани сохтмони онро собит сохтанд, зеро то ин замон аҳолии маҳаллӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ бо пардохти 1300 сомонӣ як автомашина шағалу регро аз Кӯлоб меоварданд ва акнун ҳамин як автомашина шағалро метавонанд бо ҳамагӣ 400 сомонӣ дастрас намоянд.

Ба гуфтаи соҳибкор, имрӯз дар корхона 10 нафар ба таври доимӣ фаъолият дошта, тадриҷан шумори онҳо зиёд хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.