Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дастаи «Равшан»-ро тарк кард

Сармураббии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз мақомаш даст кашид. Сармураббӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ин робита гуфтааст, пас аз вохӯрӣ бо президенти дастаи «Равшан» Музаффар Исҳоқов ҷонибҳо оид ба пеш аз муҳлат қатъ кардани қарордод ба мувофиқа расидаанд. Дастаи «Равшан»-ро тарк кардани Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки аз нимаи моҳи феврал ба иҷрои […]

Пайрав Чоршанбиев



Сармураббии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз мақомаш даст кашид.

Сармураббӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ин робита гуфтааст, пас аз вохӯрӣ бо президенти дастаи «Равшан» Музаффар Исҳоқов ҷонибҳо оид ба пеш аз муҳлат қатъ кардани қарордод ба мувофиқа расидаанд.

Дастаи «Равшан»-ро тарк кардани Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки аз нимаи моҳи феврал ба иҷрои ин вазифа шурӯъ намуда буд, нахустин истеъфои сармураббӣ дар мусобиқаи мавсими имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон аст.

Таҳти роҳбарии ӯ дар даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Равшан» 9 вохӯрӣ гузаронида, ба 4 ғалаба ноил гардид ва 2 бозиро мусовӣ анҷом дода, дар 3 вохӯрӣ ба шикаст дучор шуд.

Тибқи натиҷаҳои даври аввали мусобиқот «Равшан» бо касби 14 имтиёз мақоми панҷуми ҷадвалро ишғол намуда, аз дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки дар зинаи сеюми ҷадвал аст, ҳамагӣ ду имтиёз камтар дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.