Э.Раҳмон: Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо ИМА ҳамаҷониба талош хоҳад варзид



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Барак Ҳусейн Обама ба муносибати Иди миллии ин кишвар – 239-умин солгарди Рузи истиқлолият барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ИМА манфиатдор монда, ба вазъи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир менамояд.

«Боиси хушнудист, ки раванди ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистон ва ИМА имрӯз фарогири бисёр соҳаҳои сиёсӣ, амниятию низомӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ гардида, дар ин росто ҳамкории пурмаҳсули ҷонибҳоро дар масъалаҳои гуногуни таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ низ хуб арзёбӣ менамоем», – омадааст дар барқия.

Дар барқияи худ сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон мекунад, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии кишварҳо дар ояндаи наздик ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро фаро гирифта, Тоҷикистон дар ин самт саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

spot_imgspot_img

Популярное