Иштироки Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ



Рӯзи 6 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) кори худро оғоз намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.

Дар ҷаласаи номбурда мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (Уфа, 09-10 июли соли 2015) пешниҳод мешаванд, ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти созмон мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ

дар ин робита иттилоъ дода будем,

ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное