Сиёсатшинос: Таҳдидҳои беруна ҳукумат ва ҲНИТ-ро оштӣ мекунанд

– Таҳдиду ситезаҷӯиҳои пайдошуда ба сулҳу субот дар як қатор кишварҳои араб, зуҳури Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки ба ноамнӣ дар кишварҳои минтақайи Осиёи Марказӣ боис шуда метавонад, ба аз байн рафтани носозгорӣ миёни ҳукумати расмии кишвар ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мусоидат мекунад, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Абдуғанӣ Мамадазимов, […]

Аваз Юлдошев



– Таҳдиду ситезаҷӯиҳои пайдошуда ба сулҳу субот дар як қатор кишварҳои араб, зуҳури Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки ба ноамнӣ дар кишварҳои минтақайи Осиёи Марказӣ боис шуда метавонад, ба аз байн рафтани носозгорӣ миёни ҳукумати расмии кишвар ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мусоидат мекунад, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони мустақили Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, соли 1996 ҳанӯз замони идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, шимоли кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки нерӯҳои асосии мухолифини тоҷик он ҷо мутамарказ шуда буданд, нахустин гурӯҳҳои Толибон пайдо шуданд, ки метавонистанд бо намояндагони тундгарои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мутттаҳид шаванд.

«Хатари зуҳури чунин иттиҳод ба раванди ноил гардидан ба сулҳу созиш дар Тоҷикистон суръат бахшид. Он замон ҳам ҳукумату ҳам мухолифин ба гузаштҳо розӣ шуданд ва дар натиҷа Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт», – қайд кард номбурда.

Сиёсатшинос мегӯяд, дар Тоҷикистон, ки ислом ба тарафҳои гуногуни муқовиматдошта тақсим шудаасту раванди расидан ба ваҳдати миллӣ ҳанӯз комилан ба анҷом нарасидааст, ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ-ро барои ба созиш расидан маҷбур мекунад.

«ДИИШ ва гурӯҳи Хуросони он, ки тибқи баъзе маълумот аллакай дар чанде аз навоҳии Афғонистон амал мекунад, ҳатман барои барқарор намудани робитаҳо бо исломиёни тундгарои тоҷик талош хоҳад варзид, ки онҳо метавонанд миёни ҷонибдорони ҲНИТ ҳам ҳузур дошта бошанд ва ин далел ба ҷараёни оғози оштишавии ҳукумат ва ҲНИТ суръат бахшида метавонад», – чунин мешуморад сиёсатшинос.

Ӯ афзуд, бар асари носозгории ахиран бавуҷудомада дар муносибатҳои ҳукумат бо ҲНИТ, иваз шудани номи ҳизб низ аз эҳтимол дур нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.