Иштироки Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Рӯзи 6 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) кори худро оғоз намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) кори худро оғоз намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.

Дар ҷаласаи номбурда мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (Уфа, 09-10 июли соли 2015) пешниҳод мешаванд, ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти созмон мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ

дар ин робита иттилоъ дода будем,

ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.