Раиси МТС: ҲНИТ-ро ба ҷояш мебояд шинонид

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар чунин мешуморад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳаққи аз номи тамоми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин (оппозитсия)-и тоҷик (ИНОТ) сухан гуфтан надорад. Ба гуфтаи ӯ,  намояндагии ҲНИТ дар ин Иттиҳод, ки аллакай аз соли 2003 амал намекунад, ҳамагӣ 25%-ро ташкил медод. Роҳбари МТС қайд кард, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар чунин мешуморад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳаққи аз номи тамоми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин (оппозитсия)-и тоҷик (ИНОТ) сухан гуфтан надорад.

Ба гуфтаи ӯ,  намояндагии ҲНИТ дар ин Иттиҳод, ки аллакай аз соли 2003 амал намекунад, ҳамагӣ 25%-ро ташкил медод.

Роҳбари МТС қайд кард, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ  аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ду намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, як намояндаи созмони «Лаъли Бадахшон»  ва як намояндаи муҳоҷирони тоҷик, дар маҷмӯъ аз 8 нафар иборат буд.

Ӯ таъкид дошт, ки «имрӯз аз номи ИНОТ ҳарф задани собиқ аъзои он комилан нодуруст аст». «Бигзор акнун ҳар кадом иттиҳодияи сиёсӣ аз номи худ сухан гӯяд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба эҳтимоли баста шудани ҲНИТ аз ҷониби ҳукумат, номбурда зикр кард, ки ҳеҷ касе ба манъи фаъолияти иттиҳодияҳои сиёсие, ки дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ амал мекунанд, ҳуқуқ надорад.

«Аммо, – афзуд ӯ. – Агар ҳизб амалҳои ғайриқонунӣ содир намояд, ки мо аз гузоришҳои телевизионӣ ба он шоҳидем, пас ӯро ба ҷояш мебояд шинонид».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.