Тағйироти навбатии кадрӣ дар сохторҳои ҳукумат

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ва ба корҳои роҳбарӣ дар як қатор вазорату идораҳо таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тағйироти зиёд дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба амал бароварда шуд. Аз ҷумла Қурбонзода Шариф Ҳабибулло […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ва ба корҳои роҳбарӣ дар як қатор вазорату идораҳо таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тағйироти зиёд дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба амал бароварда шуд. Аз ҷумла Қурбонзода Шариф Ҳабибулло сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералӣ, Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон муовини сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ, Муҳаммадӣ Изатулло Сайфуллозода муовини якуми прокурори вилояти Суғд, Солизода Арабшо прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Раҳмонзода Анвар Хол прокурори шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Арабзода Муҳаммад Хӯҷа прокурори ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Сироҷзода Сайфиддин прокурори ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Абдусатторзода Умедҷон прокурори шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Ҳисориев Маҳмадамин Исматович прокурори нақлиёти Хатлон, Юсуфзода Абдурашид Сангаҳмад прокурори ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа ва Собирзода Идибек Қосим прокурори ҳарбии гарнизони Рашт таъин карда шуданд.

Назрӣ Шамсмуҳаммад ва Одинаева Зулфия Ҳомидовна аз вазифаҳои муовинони вазири нақлиёт озод карда шуданд.

Ҳамчунин, Ёрова Зулфия Маҳманабиевна муовини вазири нақлиёт, Фахруддинов Фарухҷон Неъматович сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Айниддин Самариддин муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рауфов Сӯҳроб директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Асоев Самаруддин муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Сангмамадова Моҳира Пайшанбеевна муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Назаров Умед Абдураҳимович муовини аввали директори муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои Садои Душанбе буд, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”   таъин гардиданд.

Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” озод карда шуд. Расулӣ Хайринисо бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” рухсат дода шуд.

Тавре аён гардид, аксарияти кадрҳои таъингардида ҷавонони дорои қобилияти хуби роҳбарию идорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсони ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти прокуратура таъингардидаро ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ, хариду фурӯши замин, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ҳидоят намуд. Таъкид  гардид, ки барои пешгирӣ аз гумроҳшавӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундрав бо ҳамаи мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бояд ҳамкорӣ тақвият дода шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳамаи нафарони ба вазифаҳои баланду пурмасъулият таъингардидаро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, тарғибу ташвиқи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим   ва ба ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлати Тоҷикистон ҳидоят намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.