Раиси МТС: Бигзор Толибону ДИИШ якдигарро нобуд созанд, ҳарду гурӯҳ ҳам ба мо душмананд

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати зарба задан ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳамаҷониба омодагӣ мегирад. Ӯ қайд кард, ки айни замон ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон мустаҳкам шуда, СААД омодагӣ изҳор намуд, ки дар вазъи фавқулода ба кишвар кумак мекунад. «Чанде қабл дар минтақаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати зарба задан ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳамаҷониба омодагӣ мегирад.

Ӯ қайд кард, ки айни замон ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон мустаҳкам шуда, СААД омодагӣ изҳор намуд, ки дар вазъи фавқулода ба кишвар кумак мекунад. «Чанде қабл дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ размоишҳои бузург доир гардида, онҳо нишон доданд, ки бо талошҳои муштарак мо ба посух ба ҳама гуна ғосибон омодаем», – гуфт ӯ.

Дар идома зикр гардид, ки «гузашта аз ин, феълан дар ҷануби Тоҷикистон сарбозону афсарони эҳтиётӣ омода мешаванд, зеро ба ҳама гуна сурат гирифтани воқеъа омода мебояд буд ва аз толибон ҳама чиро интизор шудан мумкин аст».

Бино ба қавли роҳбари МТС, вазъ дар шимоли Афғонистон рӯз то рӯз бад мешавад. «Мо ҳанӯз аввали соли 2014 огоҳ карда будем, ки нерӯҳое, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷамъ мешаванд, ба таври назаррас ба амнияти марз ва ҳамчунин вазъи умумӣ дар Осиёи Марказӣ таъсир расонида метавонанд. Акнун пешгӯиҳои мо тасдиқ шуда, агар аввали соли 2014 онҳо тақрибан 800 нафар буданд, пас айни замон шумори онҳо ҳудуди 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Зарфи ҳамагӣ ду сол шумори онҳо 10 баробар афзудааст», – таъкид дошт ӯ.

Худойбердӣ Холиқназар ҳамчунин изҳор намуд, ки акнун ба ҷуз Толибон, боз гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) низ арзи ҳастӣ кардааст. «Аввали соли 2015 аз маркази ДИИШ дар Ироқ барои таъсиси бахшҳо дар саросари Афғонистон ҳудуди 700 млн. $ маблағ равона карда шуд. Хуб аст, ки толибон онҳоро эътироф намекунанд. Дар ҳамаи музофотҳои Афғонистон мухолифату задухӯрдҳо миёни толибон ва ДИИШ ба мушоҳида мерасад. Бигзор якдигарро нобуд созанд, ҳарду гурӯҳ ҳам ба мо душмананд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.