Тоҷикистон масъалаи узвият ба ИИАО-ро меомӯзад

Тоҷикистон масъалаи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фарида Муъминова зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ гурӯҳи корие амал мекунад, ки ин масъаларо таҳлилу баррасӣ дорад. «Ҳисобу китоби хеле коршиносона зарур аст, то ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистон масъалаи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фарида Муъминова зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ гурӯҳи корие амал мекунад, ки ин масъаларо таҳлилу баррасӣ дорад.

«Ҳисобу китоби хеле коршиносона зарур аст, то ки миёни сиёсату иқтисод қарори мутавозин қабул шавад», – гуфт Муъминова.

Ӯ як қатор афзалиятҳои сершумор дар баробари «баъзе маҳдудиятҳо»-и узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳодро номбар кард.

Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки барои Тоҷикистон масъалаи шуғли аҳолӣ хеле муҳим буда, бозорҳои кишвар бо бозорҳои меҳнати Қазоқистону Русия ҳамгиро мебошанд ва шумори муҳоҷирони Тоҷикистон хеле зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол, Ф.Муъминова бар ин назар аст, ки ҳамгиройӣ ба ИИАО дарҳо барои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, ба гунаи мисол бо Чину Ҳиндустон ва Покистонро намебандад. «Тавозуни ин манфиатҳои кишвар хеле муҳим аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.