Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Қиёмиддини Аваз дар
иттилои
дар сомонаи ҳизб интишоршуда қайд кардааст, ки зери фишори ҳукумат ба ариза дар бораи хориҷ шуданаш аз сафҳои ҳизб имзо гузоштааст.
Қ.Аваз зикр мекунад, ки баъди фишори ҳукумат ба оила ва волидони пиронсолаш, ба навиштани аризаи хориҷ шудан аз сафҳои ҲНИТ маҷбур шудааст.
«Волидони маро ба мақомоти шаҳрдории Душанбе даъват намудаанд, то ки онҳо ба ман таъсир расонида, водор созанд, ки сафҳои ҲНИТ-ро тарк кунам ва ман дар ҳузури муовини раиси пойтахт Ҷамила Лангариева маҷбур шудам, ки ба аризаи хориҷшавӣ аз сафҳои ҲНИТ имзо гузорам», – мегӯяд Қ.Аваз.
Дар идома ӯ мегӯяд, то замоне, ки ҳизб дар майдони сиёсати Тоҷикистон расман фаъолият дорад, ӯ худро узви комили он меҳисобад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи майи Шӯрои сиёсии ҲНИТ қароре қабул кард, ки мутобиқи он тамоми аризаҳои иҷборан ҷамъоварда дар бораи хориҷшавӣ аз сафҳои ҳизб ва протоколҳои тартибдодаи мақомот ғайриқонунӣ ва беэътиборанд дониста мешаванд.



