Раиси бахши ҲНИТ дар Душанбе сафҳои ҳизбро тарк кард

Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Қиёмиддини Аваз дар иттилои дар сомонаи ҳизб интишоршуда қайд кардааст, ки зери фишори ҳукумат ба ариза дар бораи хориҷ шуданаш аз сафҳои ҳизб имзо гузоштааст. Қ.Аваз зикр мекунад, ки баъди фишори ҳукумат ба оила ва волидони пиронсолаш, ба навиштани аризаи хориҷ шудан аз сафҳои ҲНИТ маҷбур […]

ASIA-Plus



Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Қиёмиддини Аваз дар

иттилои

дар сомонаи ҳизб интишоршуда қайд кардааст, ки зери фишори ҳукумат ба ариза дар бораи хориҷ шуданаш аз сафҳои ҳизб имзо гузоштааст.

Қ.Аваз зикр мекунад, ки баъди фишори ҳукумат ба оила ва волидони пиронсолаш, ба навиштани аризаи хориҷ шудан аз сафҳои ҲНИТ маҷбур шудааст.

«Волидони маро ба мақомоти шаҳрдории Душанбе даъват намудаанд, то ки онҳо ба ман таъсир расонида, водор созанд, ки сафҳои ҲНИТ-ро тарк кунам ва ман дар ҳузури муовини раиси пойтахт Ҷамила Лангариева маҷбур шудам, ки ба аризаи хориҷшавӣ аз сафҳои ҲНИТ имзо гузорам», – мегӯяд Қ.Аваз.

Дар идома ӯ мегӯяд, то замоне, ки ҳизб дар майдони сиёсати Тоҷикистон расман фаъолият дорад, ӯ худро узви комили он меҳисобад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи майи Шӯрои сиёсии ҲНИТ қароре қабул кард, ки мутобиқи он тамоми аризаҳои иҷборан ҷамъоварда дар бораи хориҷшавӣ аз сафҳои ҳизб ва протоколҳои тартибдодаи мақомот ғайриқонунӣ ва беэътиборанд дониста мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.