Сокини Ҳисор ба парвариши ниҳолҳои бангдона муттаҳам мешавад

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” ҳангоми азназаргузаронии заминҳои наздиҳавлигии деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор 8 бех ниҳоли бангдонаро, ки нигоҳу бин шудаанд, ошкор намуданд. Ин ниҳолҳо ба сокини 51-солаи ноҳия тааллуқ доштанд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, инчунин аз дохили девор растаниҳои нимхушкаи бангдона […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” ҳангоми азназаргузаронии заминҳои наздиҳавлигии деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор 8 бех ниҳоли бангдонаро, ки нигоҳу бин шудаанд, ошкор намуданд. Ин ниҳолҳо ба сокини 51-солаи ноҳия тааллуқ доштанд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, инчунин аз дохили девор растаниҳои нимхушкаи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуда,  тафтишот муайян намуд, ки соҳиби замини наздиҳавлигӣ шахсан растаниҳои бангдонаро шинонидаву онҳоро хушконида, дар дохили девор пинҳон намудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло тафтишот муайян намуда истодааст, ки бо кадом мақсад соҳиби замини наздиҳавлигӣ растаниҳои бангдонаро парвариш намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.