Мавқеи САҲА ва ИА нисбати муроҷиати ҲНИТ

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар изҳороти нимаи аввали ҳафтаи сипаришуда интишоркардааш аз ҳукуматдорони тоҷик даъват мекунад, ки уҳдадориҳои назди ин созмон ба зимма гирифтаашонро иҷро намоянд. САҲА хотирррасон менамояд, ки сарфи назар аз тарафи дуюми музокираи сулҳ будани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, онҳо ба нишони эътироз ба фишори шадид болои ҳизб аз таҷлили ҷашни […]

Меҳрангез Турсунзода



Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар изҳороти нимаи аввали ҳафтаи сипаришуда интишоркардааш аз ҳукуматдорони тоҷик даъват мекунад, ки уҳдадориҳои назди ин созмон ба зимма гирифтаашонро иҷро намоянд.

САҲА хотирррасон менамояд, ки сарфи назар аз тарафи дуюми музокираи сулҳ будани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, онҳо ба нишони эътироз ба фишори шадид болои ҳизб аз таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ даст кашиданд.

Иттиҳоди Аврупо (ИА) низ ба ин нигаронии ҲНИТ ҳамфикр буда, дар гузориши ниҳоии миссияи ДИДҲБ/САҲА дар интихобот зикр гардида буд, ки ин маърака бидуни таъмини шароитҳои баробар барои номзадҳо доир гардид.

«Аз ҳамон замон фишор болои аъзои ҳизб афзуда, наворҳои шубҳаноки видео дар бораи сафҳои ҳизбро тарк кардани аъзои он пайдо шуданд. Мо ҳамчунин аз маводи чанде қабл дар газетаи ҳукумат чопшуда оид ба оғоз гардидани парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба иттиҳоми ғайриқонунии хусусигардонии амвол 16 сол пеш низ нигаронем», – гуфта мешавад дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.