Вазири маориф: Мо сатҳи баланди таълим дар литсейҳои туркиро нигоҳ доштанием

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки 6 литсейи тоҷикӣ-туркӣ ҳамроҳ бо 8 литсейи президентӣ ба низоми ягонаи мактабҳо барои кӯдакони лаёқатманд шомил мегарданд. «Шахсан ман ва вазорат ҳеҷ гоҳ мухолифи фаъолияти литсейҳои тоҷикӣ-тукӣ дар Тоҷикистон набудем ва ин муассисаҳои таълимии беҳтарин дар бахши маориф ба мактабҳо барои […]

Сайфиддин Қараев



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки 6 литсейи тоҷикӣ-туркӣ ҳамроҳ бо 8 литсейи президентӣ ба низоми ягонаи мактабҳо барои кӯдакони лаёқатманд шомил мегарданд.

«Шахсан ман ва вазорат ҳеҷ гоҳ мухолифи фаъолияти литсейҳои тоҷикӣ-тукӣ дар Тоҷикистон набудем ва ин муассисаҳои таълимии беҳтарин дар бахши маориф ба мактабҳо барои кӯдакони лаёқатманду боистеъдод табдил дода мешаванд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вазир, масъалаи ба тавозуни Вазорат супурдани шабакаҳои литсейҳои туркӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон бо ширкати «Шалола» бо некӣ анҷомида, Вазорат ба тамдиди қарордодҳо бо омӯзгорони фанҳои дақиқ аз Туркия омода аст.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон 6 литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ фаъолият доштанд. Муддати 10 соли фаъолияти ин муассисаҳои таълимӣ толибилмони онҳо ба гирифтани 488 медал, аз ҷумла 88 медали тилло дар олимпиадаҳои байнулмилалӣ ноил гардиданд.

«Мо имконоту иқтидори доштаи литсейҳои тоҷикӣ-туркиро нигаҳдорӣ ва афзун карданием ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба заифшавии фаъолияти он роҳ намедиҳем, – иброз дошт Нуриддин Саид. – Бо ин мақсад ҳатто даъвати мутахассисон аз кишварҳои хориҷиро дар нақша дорем».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.