Судҳо 4 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ ва 1 ҳукми ҳабси абад содир намуданд

Дар зарфи ним соли равон судҳои Тоҷикистон 4 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ (2-то қисман ва 2-то пурра) ва 1 ҳукми ҳабси абад, ки ҳозир ҳукми қатлро иваз мекунад, содир намуданд. Зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсола намояндаи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Дилшод Ғаюрзода дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ нисбати на мансабдорон, […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар зарфи ним соли равон судҳои Тоҷикистон 4 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ (2-то қисман ва 2-то пурра) ва 1 ҳукми ҳабси абад, ки ҳозир ҳукми қатлро иваз мекунад, содир намуданд.

Зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсола намояндаи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Дилшод Ғаюрзода дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ нисбати на мансабдорон, балки нисбати шаҳрвандони қаторӣ қабул шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҷониби судҳои кишвар 14 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ (6-то қисман ва 8-то пурра) содир шуда буд.

Раиси Шӯрои адлияи ҶТ Дӯстмурод Муродзода изҳор кард, ки зарфи ним соли 2015 ягон далели коррупсия миёни намояндагони мақомоти судӣ ба қайд гирифта нашуда, дар маҷмӯъ нисбати судяҳо аз ҷониби судҳо ҳеҷ ҳукме содир нашудааст.

Ба қавли номбурда, давоми ним сол аз ҷониби судҳо 66 ҳазору 541 парвандаҳо баррасӣ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 650 парванда зиёдтар аст. «Аз ин шумор 6 ҳазору 192-тоаш парвандаҳои шаҳрвандӣ, 4 ҳазору 241-тоаш – парвандаҳои ҷиноӣ, 27 ҳазору 616-тоаш – парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 5 ҳазору 800-тоаш – парвандаҳои марбут ба риоя накардани муқаррароти қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон ва ғайра аст», – гуфт ӯ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.