Аз президент мусоидат ба танзими кори хатсайри ҳавоии Душанбе – Хоруғ дархост мешавад



Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дархост доранд, ки ба ҳаллу фасли масъалаи ба тартиб овардану танзими кори хатсайрҳои ҳавоии Душанбе – Хоруғ – Душанбе мусоидат намояд.

Дар муроҷиат бо имзои беш аз 140 нафар шаҳрвандони кишвар аз президент дархост мешавад, ки ба роҳандозии парвози мунтазами ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр, беҳбуди сифат ва амнияти онҳо ва ҳамчунин муқаррар шудани нархи дастрас ба билетҳо бо назардошти қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ мусоидат кунад.

Зикр мегардад, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо тариқи ҳавопаймоҳои АН-28 анҷом медиҳад. «Масъулони бахши авиатсионии кишвар тасдиқ мекунанд, ки ин ҳавопаймоҳо ба ҳамаи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯянд, вале дар амал парвоз бо ин ҳавопаймоҳо торафт хатарнок мешаванд», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Таъкид мешавад, ки «тайи бист соли ахир барои амалисозии парвози ҳавопаймоҳо ба ВМКБ ягонто ҳавопаймо харида нашуда, парки техникие, ки айни замон мавриди истифода аст, куҳнаву фарсуда ва ба таҷдиду навсозӣ ниёз дорад».

«Ҳамаи мо ҳодисаи садамаи фоҷеабори соли 1993 дар фурудгоҳи Хоруғро дар хотир дорем, ки бар асари он даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин робита аз Шумо, ҷаноби Президент ҳамчун кафили амният ва вазири муҳтарами нақлиёт ҳамчун ваколатдори иҷрои фаъолияти ин вазорат даъват мекунем, ки ба фаъолияти ширкати ҳавопаймоии масъул ба иҷрои парвозҳо ба Помир таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз сохторҳои дахлдор бо масъулият ва салоҳиятнок ба иҷро расонидани вазитфаҳои хизматиашонро талаб намоед. Бешубҳа ин минбаъд ба пешгирии фалокатҳои нав кумак мекунад», – зикр мегардад дар нома ба унвони президент.

spot_imgspot_img

Популярное