Намояндагони сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз, 8 июл аз макони
муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 6 июл рухдода
дар марзи ҳарду кишвар, ки бар асари он шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон захми марговар гирифт, боздид намуданд.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистонро, ки аз намояндагони нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ иборат аст, ёвари президент оид ба масоили амняти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ва ҳайати ҷониби Қирғизистонро раиси Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар Раимберди Дуйшенбиев роҳбарӣ кардаанд.
«Баъди боздид аз ҷойи ҳодиса тақрибан соатҳои 12-и рӯз дар шаҳри Исфара пушти дарҳои пӯшида гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир гардида, дар он ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба роҳ надодан ба истифодаи силоҳи оташфишон дар марз, суръат бахшидан ба раванди таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард», – гуфт манбаъ.



