Шабонарӯзи гузашта 3 нафар шаҳрвандони кишвар ғарқ шуданд



Танҳо шабонарӯзи гузшта ҳангоми оббозӣ дар дарёву кӯлҳо ва дигар макони оббозӣ 3 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар канали ҳудуди деҳаи Пахтакори ҳамин ноҳия, марди 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон зимни оббозӣ дар канали обгузари деҳаи Гулистони ноҳияи мазкур ва ҷавони 15-солаи сокини шаҳри Хоруғ низ ҳангоми оббозӣ карданаш дар канали обгузар аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳафтаи аввали моҳи июл дар обанбору дарёву кӯл ва дигар макони оббозии Тоҷикистон 23 нафар ғарқ шуданд, ки 14 нафари онҳо ҳоло ба синни 17-солагӣ нарасида буданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2 нафар шаҳрвандони кишвар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буданд.

spot_imgspot_img

Популярное