Болоравии арзиши истифодаи об дар Тоҷикистон

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» арзиши об барои истеъмолгарон дар кишварро қариб ба андозаи 38% боло бурданист. Директори корхона Алимурод Исломзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки давоми сол арзиши об тақрибан 30 дирам барои 1 метри мураббаъ зиёд мешавад. Ӯ қайд кард, ки айни замон истеъмолгарони корхона барои истифодаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» арзиши об барои истеъмолгарон дар кишварро қариб ба андозаи 38% боло бурданист.

Директори корхона Алимурод Исломзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки давоми сол арзиши об тақрибан 30 дирам барои 1 метри мураббаъ зиёд мешавад. Ӯ қайд кард, ки айни замон истеъмолгарони корхона барои истифодаи 1 метри мукааби об 80 дирам пардохт мекунанд. «Ҳамин тариқ, мо ният дорем, ки барои 1 метри мукааби об 1,10 дирам пардохтпулӣ муқаррар кунем», – таъкид дошт вай.

Ба қавли А.Исломзода, ин тасмим бинобар сабаби беқурбшавии пули миллӣ нисбати доллари ИМА рӯйи даст гирифта мешавад. Номбурда зикр кард, ки имрӯз корхона дар ин самт бо зиёнҳои зиёде барои худ кор мекунад. «Айни замон мо барои 1 метри мукааби об 80 дирам маблағ мегирем, зиёни мо бошад, 1,2 сомониро ташкил медиҳад», – афзуд роҳбари корхона.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти КВД «Хоҷагии манзилибю коммуналӣ» ба хизматрасониҳо дар самти обтаъминкунӣ дар саросари ҷумҳурӣ нигаронида шудаааст. Дар пойтахти кишвар ин хизматрасониҳо ба зиммаи корхонаи тобеъ ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ – КВД «Обу корехи Душанбе» вогузор шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.