Шабонарӯзи гузашта 3 нафар шаҳрвандони кишвар ғарқ шуданд

Танҳо шабонарӯзи гузшта ҳангоми оббозӣ дар дарёву кӯлҳо ва дигар макони оббозӣ 3 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар канали ҳудуди деҳаи Пахтакори ҳамин ноҳия, марди 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон зимни оббозӣ дар канали обгузари деҳаи Гулистони ноҳияи мазкур ва ҷавони […]

ASIA-Plus



Танҳо шабонарӯзи гузшта ҳангоми оббозӣ дар дарёву кӯлҳо ва дигар макони оббозӣ 3 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар канали ҳудуди деҳаи Пахтакори ҳамин ноҳия, марди 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон зимни оббозӣ дар канали обгузари деҳаи Гулистони ноҳияи мазкур ва ҷавони 15-солаи сокини шаҳри Хоруғ низ ҳангоми оббозӣ карданаш дар канали обгузар аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳафтаи аввали моҳи июл дар обанбору дарёву кӯл ва дигар макони оббозии Тоҷикистон 23 нафар ғарқ шуданд, ки 14 нафари онҳо ҳоло ба синни 17-солагӣ нарасида буданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2 нафар шаҳрвандони кишвар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.