«Гармои арабӣ» ба Тоҷикистон наздик мешавад

Муассисаи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон рӯзҳои 12-15 июлро пешгӯӣ мекунад. Аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин рӯзҳо баъзан ҳарорат то ба 45 дараҷа гармӣ мерасад. Ҳарорати беҳад зиёди гармӣ бештар дар вилояти Хатлон эҳсос хоҳад шуд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, ҳавои атмосферии гарм, ки […]

ASIA-Plus



Муассисаи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон рӯзҳои 12-15 июлро пешгӯӣ мекунад.

Аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин рӯзҳо баъзан ҳарорат то ба 45 дараҷа гармӣ мерасад. Ҳарорати беҳад зиёди гармӣ бештар дар вилояти Хатлон эҳсос хоҳад шуд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, ҳавои атмосферии гарм, ки аз нимҷазираи Арабистон наздик мешавад, ба гармии тоқатфарсо дар ҷумҳурӣ боис мегардад. Обуҳавошиносон «гармои арабӣ» ба он ном гузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта низ Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон аз беҳад гарм шудани обуҳаво дар Тоҷикистон

хабар дода буд.

Зикр гардида буд, ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита бо яку якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ

бо интишори як зумра тавсияҳо

аз мардум хост, онҳоро тӯли тамоми давраи гармо риоя намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.