Вохӯрии навбатии «онлайн»-и раиси ҲНИТ бо ҳамҳизбиён



Фаъолияти бахшу шуъбаҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар дар

ҷаласаи иҷроияи моҳона

дар қароргоҳи марказии ҲНИТ бо ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ тавассути режими “онлайн” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ба ҷуз намояндагони вилояти Суғд, дар ҷаласа раисону масъулини бахшҳо ва шуъбаҳо аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок доштанд.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони вилояти Суғд ба Раёсати КДАМ-и вилоят даъват шуда, бо ин сабаб дар ин ҷаласа ширкат варзида натавонистанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа намояндагони бахшҳои ҳизб дар маҳалҳо ба раиси ҲНИТ дар бораи фишори афзоянда болои ҷонибдорони ҳизб ва оилаҳои онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои сафҳои ҳизбро тарк кардан маълумот доданд.

«Мо ба М.Кабирӣ маълумот додем, ки ҳамаи шахсоне, ки таҳти фишор сафҳои ҳизбро тарк гуфтанд, ошкору кушода бо мо кор мекунанд ва ғайр аз ин, тайи 10 рӯзи ахир беш аз 50 нафар аъзои нав ба сафҳои ҳизби мо пайвастанд», – таъкид дошт Ҳайит.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар фарҷоми кори ҷаласа М. Кабирӣ баромад намуда, аз масъулин ва аъзои ҳизб барои сабру таҳаммул ва пуштибониву ҷонибдории ҳамаҷонибаи сиёсати роҳбарияти ҳизб изҳори сипос гуфт ва ҳамчунин аз иқдомҳои амалӣ барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ва фишор болои аъзои ҳизб ёд карда, дар чаҳорчӯби Сарқонуни ҶТ ва қонунгузории кишвар идомаи онро ба манфиат донист.

spot_imgspot_img

Популярное