Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се шабонарӯзи гузашта се ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ошкор намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 191 кг 948 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 98 кг 658 гр афюн, 76 кг 985 гр бангдона ва 16 кг 305 гр ҳашиш мусодира гардид.
Гуфта мешавад, барои содир намудани ҷиноятҳои мазкур 2 нафар дастгир гардида, барои дастгир намудани боз ду шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Афғонистон, ки ба содир намудани ҷиноятҳои мазкур даст доранд, чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.



