Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 17 июл ҷашн гирифта мешавад

Имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 17 июл ҷашн гирифта мешавад. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз аъзои Шӯрои уламои иборат аз 25 нафар дар хусуси имсол рӯзи 17 июл ҷашн гирифтани Иди Рамазон қарор қабул карданд. Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон […]

Аҳлиддин Салимов



Имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 17 июл ҷашн гирифта мешавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз аъзои Шӯрои уламои иборат аз 25 нафар дар хусуси имсол рӯзи 17 июл ҷашн гирифтани Иди Рамазон қарор қабул карданд.

Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 9 июл зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид изҳор намуд, ки ҳисобу китоби намояндагони Шӯрои уламои ҷумҳурӣ саҳеҳ буда, имсол моҳи Рамазон дарвоқеъ ҳам аз 29 рӯз иборат аст ва рӯзи 17 июл, соати 6:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ моҳи нави исломӣ фаро мерасад.

Қаблан 7 июл Саидмукаррам Абдуқодирзода

иттилоъ дода буд

, ки имсол моҳи мубораки Рамазон як рӯз камтар аз муҳлати муқарраршуда – 29 рӯз давом мекунад ва ба тахмини ӯ, рӯзи 17 июл таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон дар назар аст.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Рӯзи ид баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон ва иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда шуда, кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо мераванд ва ба онҳо дастовезҳои идона дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 12 ҳазору 200 сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Аз ин маблағ онҳо бояд 305 сомонӣ хайр кунанд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ ба 1 нафар муқаррар шудааст. Тибқи назария, шахсони пиронсоле, ки имкони рӯзагирӣ надоранд, бояд ба камбизоатон 300 сомонӣ маблағ садақа намоянд, яъне ҳар рӯзи моҳи рамазон 10 сомонӣ хайрия диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.