Ифтитоҳи намояндагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар Русия

Ба наздикӣ дар Русия намояндагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад, ки нахустин намояндагии ин вазорат дар хориҷи кишвар аст. Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки дар робита ба таҳсили шумори зиёди тоҷикистониён дар Русия чунин тасмим гирифта шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, […]

Меҳрангез Турсунзода



Ба наздикӣ дар Русия намояндагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад, ки нахустин намояндагии ин вазорат дар хориҷи кишвар аст.

Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки дар робита ба таҳсили шумори зиёди тоҷикистониён дар Русия чунин тасмим гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти ӯ, танҳо тариқи квотаҳои Русия ва Вазорат айни замон дар Русия ҳудуди 7 ҳазор нафар тоҷикистониён таҳсили илм мекунанд ва Вазорат ҳамчунин ба таҳияи рӯйхати ягонаи донишҷӯёни тоҷики муқими Русия машғул аст.

«Дар қаламрави Русия хеле зиёд донишҷӯён, унвонҷӯён (аспирантҳо), магистранту докторҳои мо таҳсилу иқомат дошта, онҳо бо бисёре аз мушкилот дучор мешаванд. Намояндагӣ ба саривақт ҳаллу фасл кардани ин мушкилот имкон пайдо карда, ба хеле сабуку роҳат гардидани таҳсилу иқомати ҳамватанон дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард», – иброз дошт муовини вазир.

Ба қавли номбурда, номзад ба роҳбарии намояндагӣ ҳам интихоб шуда, айни замон номзадии ӯ бо ҳукумат мувофиқа мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.