Нашри рисолаи илмии олиму шоири тоҷик дар Олмон

Интишороти Palmarium Academic Publishing (Олмон), ки яке аз муассисаҳои бонуфуз дар соҳаи табъу нашри асарҳои илмии академии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ба наздикӣ рисолаи илмии олиму шоири тоҷик, академики Академияи илмҳои табиатшиносии Русия Султонов Мирзоҳасан Баротович (Ҳасани Султон)  “Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсии тоҷикӣ”-ро бо забони русӣ (ISBN 978-3-659-60230-6, 452 саҳ.) ба нашр расонд. […]

АМИТ "Ховар"



Интишороти Palmarium Academic Publishing (Олмон), ки яке аз муассисаҳои бонуфуз дар соҳаи табъу нашри асарҳои илмии академии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ба наздикӣ рисолаи илмии олиму шоири тоҷик, академики Академияи илмҳои табиатшиносии Русия Султонов Мирзоҳасан Баротович (Ҳасани Султон)  “Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсии тоҷикӣ”-ро бо забони русӣ (ISBN 978-3-659-60230-6, 452 саҳ.) ба нашр расонд. Ҳоло ин китоб дар саросари ҷаҳон дар мағозаҳои фурўши китоб ба тариқи онлайн дар дастрасӣ қарор дорад.

 


АМИТ “Ховар”

дар ин робита менависад, дар пасмуқоваи китоб омадааст, ки дар рисолаи илмӣ таърихи ташаккул ва роҳҳои асосии такомули истилоҳоти илмҳои нуҷум, риёзиёт, ҷуғрофия, фалсафа, ва тибб дар заминаи маводи мероси арзишманди илмии асрҳои IX-XI мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Таҳқиқи истилоҳоти осори ин аҳд барои таҳқиқи вежагиву махсусиятҳои забони илм ва истилоҳоти форсии тоҷикӣ, таъйини усулу шеваҳои истилоҳсозию истилоҳгузинӣ, доираи имконоту тавонмандиҳои забони форсии тоҷикӣ дар баёни матолиби илмӣ мусоидат хоҳад кард. 


Муаллиф дар охири рисолаи илмӣ ба чунин натиҷа расидааст, ки пухтагиву расоии забони осори илмии асрҳои IX-XI ба хубӣ нишон медиҳад, ки забони форсии тоҷикӣ ба сифати забони зинда, зоё ва поё бо истифодаи босамар аз имконоти дохилизабонӣ ва аз ҳисоби истилоҳоти иқтибосии илмӣ ғанӣ буда, дар илмҳои риёзиёт, нуҷум, ҷуғрофия, фалсафа ва тибб ба дараҷаи забони илм расидааст. 

Рисолаи илмӣ барои истифодаи мутахассисони илмҳои дақиқ ва улуми инсонӣ, мутахассисони истилоҳшинос, эроншиносон, устодон ва донишҷўёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.