Вазъ дар ВМКБ тадриҷан ба эътидол меояд



Вазъи баамаломада дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бар асари офати табиӣ тадриҷан ба эътидол меояд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сатҳи об дар кӯли пайдошуда дар натиҷаи фаромадани селу лойқа тайи рӯзҳои ахир ба таври назаррас поин рафтааст.

Ба иттилои манбаъ, комиссияи ҳукумати таҳти раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода муддати ду шабонарӯз аст, ки дар маҳалли офати табиӣ қарор дорад.

Комиссия муайян кардааст, ки бар асари ин офати табиӣ 56 манзили зист пурра ва боз даҳҳо хонаҳо қисман хароб гардида, 2 пули мошингузар ва 2 пули роҳгузар вайрон шудаанд. Ғайр аз ин, беш аз 4 километр роҳҳои мошингард ва 3 километр хатҳои интиқоли барқро об шуста, тибқи маълумоти пешакӣ, зиёни расида аз офат айни замон 20 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ аз нерӯгоҳи «Хоруғ» барқарор шуда, энергетикхо ба барқарор намудани хати интиқоли барқи нерӯгоҳи «Помир-1» ба самти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят машғуланд.

Зимнан зикр гардид, ки сокинони аз манзил маҳрумшудаи деҳаҳои Барсем ва Бердиковобод ба хаймашаҳрак кӯчонида шудаанд ва ҷудо кардани қитъаҳои замин ба онҳо барои сохтмони манзилҳои нав дар назар аст. Дар бунёди манзилҳои нав ҳукумат ҳамаҷониба онҳоро кумаку дастгирӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки вазъ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар робита ба баста шудани маҷрои дарёи Ғунд бар асари фаромадани сел ва обу лойқаи ҳамроҳ бо он

хеле ташвишовар арзёбӣ гардида буд.

spot_imgspot_img

Популярное