Намоишгоҳи маҳсулоти Сирҷони Эрон дар Душанбе

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо роҳбари Ширкати байнулмилалии намоишгоҳии «ARANKAVIR» (Эрон) Амир Маҳмадободӣ оид ба дар моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор намудани намоишгоҳи маҳсулоти шаҳри Сирҷони Эрон тавофуқ ҳосил шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо роҳбари Ширкати байнулмилалии намоишгоҳии «ARANKAVIR» (Эрон) Амир Маҳмадободӣ оид ба дар моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор намудани намоишгоҳи маҳсулоти шаҳри Сирҷони Эрон тавофуқ ҳосил шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва муколамаи пурсамар миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва шаҳри Сирҷон тариқи баргузории намоишгоҳҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо баррасӣ шуда, ҷонибҳо изхори итминон кардаанд, ки чунин чорабиниҳо ба фаъол гардидани ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат мекунанд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ Шариф Саид пешниҳод намудааст, ки баргузории ярмаркаву намоишгоҳҳо ва ҳамчунин ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду ҷониб ба таври мунтазам ба роҳ монда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.