Вазъ дар ВМКБ тадриҷан ба эътидол меояд

Вазъи баамаломада дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бар асари офати табиӣ тадриҷан ба эътидол меояд. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сатҳи об дар кӯли пайдошуда дар натиҷаи фаромадани селу лойқа тайи рӯзҳои ахир ба таври назаррас поин рафтааст. Ба иттилои манбаъ, комиссияи ҳукумати таҳти раҳбарии нахуствазир Қоҳир […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазъи баамаломада дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бар асари офати табиӣ тадриҷан ба эътидол меояд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сатҳи об дар кӯли пайдошуда дар натиҷаи фаромадани селу лойқа тайи рӯзҳои ахир ба таври назаррас поин рафтааст.

Ба иттилои манбаъ, комиссияи ҳукумати таҳти раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода муддати ду шабонарӯз аст, ки дар маҳалли офати табиӣ қарор дорад.

Комиссия муайян кардааст, ки бар асари ин офати табиӣ 56 манзили зист пурра ва боз даҳҳо хонаҳо қисман хароб гардида, 2 пули мошингузар ва 2 пули роҳгузар вайрон шудаанд. Ғайр аз ин, беш аз 4 километр роҳҳои мошингард ва 3 километр хатҳои интиқоли барқро об шуста, тибқи маълумоти пешакӣ, зиёни расида аз офат айни замон 20 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ аз нерӯгоҳи «Хоруғ» барқарор шуда, энергетикхо ба барқарор намудани хати интиқоли барқи нерӯгоҳи «Помир-1» ба самти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят машғуланд.

Зимнан зикр гардид, ки сокинони аз манзил маҳрумшудаи деҳаҳои Барсем ва Бердиковобод ба хаймашаҳрак кӯчонида шудаанд ва ҷудо кардани қитъаҳои замин ба онҳо барои сохтмони манзилҳои нав дар назар аст. Дар бунёди манзилҳои нав ҳукумат ҳамаҷониба онҳоро кумаку дастгирӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки вазъ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар робита ба баста шудани маҷрои дарёи Ғунд бар асари фаромадани сел ва обу лойқаи ҳамроҳ бо он

хеле ташвишовар арзёбӣ гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.