Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз мавзеъҳои осебдидаи ВМКБ

Нимаи дуюми рӯзи 19 июл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мавзеи осебдидаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон боздид кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир бо мардуми маҳалли аз офат осебдида вохӯри доир намуда, аз ҳолу аҳволи онхо пурсон шуд. Зикр гардид, […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 19 июл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мавзеи осебдидаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон боздид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир бо мардуми маҳалли аз офат осебдида вохӯри доир намуда, аз ҳолу аҳволи онхо пурсон шуд. Зикр гардид, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. 

Ёдрас мешавад, ки бар асари фаромадани ҳаҷми калони сел ва банд намудани маҷрои дарёи «Ғунд», ҳаҷми оби кӯли сунъӣ, ки дар натиҷаи обхезии 17 июл ба вуҷуд омада буд, баланд гардида, дар натиҷаи  кандашавии садди ин кӯли сунъӣ 56 адад  хонаҳои истиқоматӣ пурра хароб гаштанд, аз ҷумла дар деҳаи Барсем 41 адад, дар деҳаи Бердибекобод 3 адад ва дар деҳаи Колхозобод 12 адад хонаҳои истиқоматӣ пурра зарар дидаанд. Аз ҷониби Президенти мамлакат ва ҳукумати кишвар ба зарардидагон кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки вазъи баамаломада дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бар асари офати табиӣ

тадриҷан ба эътидол меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.