Кумаки ФАО ва ИА ба таҳкими амнияти ғизоии Тоҷикистон

Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар бораи шарикӣ созишнома ба имзо расониданд, ки ба таҳкими амнияти ғизоӣ ва рушди бахши кишоварзӣ дар 35 кишвари ҷаҳон нигаронида шудааст. Тоҷикистон низ аз ҷумлаи ин кишварҳост. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар бораи роҳандозии барномаҳои нав зимни вохӯрии комиссари Иттиҳоди Аврупо оид […]

Пайрав Чоршанбиев



Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар бораи шарикӣ созишнома ба имзо расониданд, ки ба таҳкими амнияти ғизоӣ ва рушди бахши кишоварзӣ дар 35 кишвари ҷаҳон нигаронида шудааст. Тоҷикистон низ аз ҷумлаи ин кишварҳост.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар бораи роҳандозии барномаҳои нав зимни вохӯрии комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои ҳамкории байнулмилалӣ ва рушд Невен Мимик ва директории генералии ФАО Жозе Гратсиану дар Силва дар Конфронси сеюми байнулмилалӣ оид ба маблағгузорӣ ба рушд эълон карда шуд.

Баҳри амалсиозии ин ташаббус Иттиҳоди Аврупо 50 млн. евро ва ФАО 23,5 млн. евро маблағ ҷудо мекунанд.

«Ин марҳилаи нави шарикии мо бо Иттиҳоди Аврупо ба имконоти ФАО оид ба ҳамкории мутақобила бо ҳукуматҳо дар таҳия ва амалисозии стратегияҳои пурсамар барои мубориза бо сабабҳои усулии гуруснагӣ ва таҳкими устуворӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо густариш мебахшанд», – гуфтааст Гратсиану да Силва.

Дар маълумоти СММ қайд мешавад, ки сарфи назар аз пешравии тайи 10- соли ахир бадастомада, дар саросари ҷаҳон ҳудуди 800 млн. нафар мисли пешин аз гуруснагӣ азият мекашанд.

Тӯли солҳои охир ҳарчи бештар шумори одамон ба буҳронҳои ғизоӣ дучор мешаванд, ки бинобар сабаби офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ё дигаргуншавии нархҳо ба вуҷуд меоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.