Коршинос: Қарори дастрасии ВАО ба маълумот тариқи «Ховар» худкомагиро тақвият мебахшад

– Протоколи баимзорасида аз ҷониби ҳукумат оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ тариқи агентии «Ховар» мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ аст, – иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршинос Шокирҷон Ҳакимов. Ёдрас мекунем, ки қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон протоколеро ба имзо расонид , ки мутобиқи он бояд тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ҳамаи маълумотро нахуст […]

Пайрав Чоршанбиев



– Протоколи баимзорасида аз ҷониби ҳукумат оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ тариқи агентии «Ховар» мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ аст, – иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршинос Шокирҷон Ҳакимов.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

протоколеро ба имзо расонид

, ки мутобиқи он бояд тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ҳамаи маълумотро нахуст ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода, сипас дигар ВАО ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар».

«Ин қарор ба моҳияти Конститутсия ва қонунгузории ҷумҳурӣ, ки масоили марбут ба ВАО-ро танзим мекунанд, созгор нест, зеро мутобиқи қонунгузорӣ, ҳамаи субъектҳои фазои иттилоотӣ бояд ба сарчашмаҳои маълумот дастрасии баробар дошта бошанд», – қайд кард номбурда.

Ба андешаи ӯ, ин тарзи корбурди ҳукуматдорон рақобат миёни ВАО-ро суст карда, натанҳо нодуруст аст, балки ба рушди гуногунандешӣ ва рақобат миёни субъектҳои фазои иттилоотӣ монеъа эҷод мекунад.

Ҳуқуқшинос мегӯяд, «сарфи назар аз ҷониби кӣ ба имзо расидани ин қарори протоколӣ, дар низоми асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ агар малеҳтар карда гӯем он мақоми ношоистаро ишғол мекунад». «Қарори протоколӣ бояд ба рушди қисматҳои ҷудогонаи қонунгузорӣ мусоидат намояд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ он муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба вуҷуд оварда наметавонад», – мутмаин аст ӯ.

Ш.Ҳакимов бар ин назар аст, ки санади баимзорасида метавонад аз ҷониби шахсони манфиатдор бо ҳадафҳои идорӣ (корпоративӣ)-и худ истифода шавад.

Ғайр аз ин, гуфт дар идома Ҳакимов, ниҳодҳои гуногуни давлатӣ бо тафсири нодуруст метавонанд онро ба таври густарда шарҳу тавзеҳ бидиҳанд. «Вазорату идораҳое, ки журналистон бо ҳуқуқи қонунии худ ба онҳо барои гирифтани маълумот муроҷиат мекунанд, бо ишора ба ин санад метавонанд ба онҳо бигӯянд, ки посух ба саволҳояшонро тариқи агентии давлатии иттилоотӣ дастрас карда метавонанд», – қайд кард коршинос.

Ш. Ҳакимов таъкид дошт, ки «тафсири носаҳеҳи ин санад ба он оварда расонида метавонад, ки назорати ҷамъиятӣ, ошкорбаёнӣ ва шафоффияти фаъолияти сохторҳои ҳукуматӣ коҳиш меёбад».

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки чунин санадҳо «ба методҳои худкомагӣ (авторитарӣ)-и идоракунии давлат тақвият мебахшанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.