Боздошти гумонбар ба қатли тоҷикон дар вилояти Маскав

Дар вилояти Маскави Русия гумонбар дар марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кандани нақб бо ҳадафи дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт киро карда будааст. Сабаби марги мардикоронро мақомот ба нафасгир шудан аз дуди газ дар зери […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар вилояти Маскави Русия гумонбар дар марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар ин бора


хадамоти матбуоти


Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад.

Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кандани нақб бо ҳадафи дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт киро карда будааст. Сабаби марги мардикоронро мақомот ба нафасгир шудан аз дуди газ дар зери замин ҳангоми кандани нақб нисбат додаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мақомоти тафтишот мутобиқи моддаи 105, қ. 2, б. 2»-и Кодекси ҷиноии Русия (куштори беш аз 2 нафар) парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Дар ҳамин ҳол,

радиои Озодӣ

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Тулаи Русия нахустин гумонбар дар робита ба марги 5 мардикор, бо шумули 4 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Ҷасади селофанпечи ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се нафари боқимонда рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула ёфт шуданд.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ин масъала хабар медиҳад, ки сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Имомуддин Сатторов ин қазияро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст. Сафир ба Хадамоти консулгарии сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия дастур додаст, ки мудом бо мақомоти тафтишот дар тамос буда, ба наздикони фавтидагон кумак кунанд вад ар бораи натиҷаҳои кор аз рӯи ин масъала саривақт ба ӯ маълумот диҳанд.

Айни замон шахсияти шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон муайян карда шудааст. Инҳо Хуршед Ёрматови 27-сола ва Самандар Халифаеви 26-сола (ҳарду сокини ноҳияи Ҳамадонӣ), Солеҳҷон Дилшодови 33-сола (сокини ноҳияи Қумсангир), Фирдавс Нодирови 35-сола (сокини ноҳияи Данғара) ва Шаҳром Набиеви 27-сола мебошанд. Ҷасадҳои Ёрматов ва Халифаев, ки рӯзи 8 июл дарёфт шуда буданд, санаи 15 июл ба Душанбе интиқол дода шудаанд.

«Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтишотро пайгирӣ дошта, бо муфаттишони масъули таҳқиқи ин ҳодиса мудом дар тамос аст. Аз тадбирҳои андешидаи мақомоти тафтишот дар ин самт мо огаҳем. Умедворем, ки ба гунаҳкор ё гунаҳкорон дар марги шаҳрвандони мо, ки тафтишот пурра муайян хоҳад кард, ҷазои сазовор дода мешавад», – зикр кардаанд дар сафорати Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.