БМТ Консепсияи ҷорисозии платформаи тиҷоратию иттилоотиро таҳия мекунад

Роҳбарияти нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) татбиқи ислоҳоти босуръатро, аз ҷумла бо роҳи истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ барои зиёд намудани самаранокии фаъолияти соҳаи бонкӣ идома медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ин лиҳоз, ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон консепсияи ҷорӣ намудани платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотии воситаҳои пулию асъориро таҳия намуда истодааст. Гуфта мешавад, ҳадафи […]

ASIA-Plus



Роҳбарияти нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) татбиқи ислоҳоти босуръатро, аз ҷумла бо роҳи истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ барои зиёд намудани самаранокии фаъолияти соҳаи бонкӣ идома медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ин лиҳоз, ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон консепсияи ҷорӣ намудани платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотии воситаҳои пулию асъориро таҳия намуда истодааст.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии татбиқи платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотӣ аз байн бурдани маҳдудиятҳои мавҷуда дар бозори амалиёти пулию асъорӣ ва таъмини рушди босуботи он бо роҳи муттаҳид намудани равандҳои тиҷоратӣ дар платформаи ягона, навсозии технологӣ ва протсессуалӣ, таъмини дастрасии шаффофу мунтазам дар реҷаи онлайн ба бозори савдо, самаранокии амалиёт ва ҳосилнокӣ аз ҳисоби мувофиқ намудани равандҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани сатҳи мутобиқат, самаранокии идорасозии хавфҳои амалиётӣ ва воридшавӣ ба шабакаҳои байналмилалии бонкӣ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ин якчанд пешниҳодҳои ширкатҳои бонуфуз дар бораи ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои соҳаи иттилооти молиявӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин дар назар аст, ки рӯзҳои наздик вохӯрии намояндагони ин ширкатҳо бо намояндагони бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад ва зимни он дурнамои тараққиёт ва нақшаи ҷорӣ намудани платформаи мазкур муҳокима шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.