Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷумҳурӣ кумак кунанд.
Дар маълумоти ҳукумати кишвар дар ин робита гуфта мешавад, рӯзи душанбе Қоҳир Расулзода бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот карда, ба онҳо оид ба сабаб, вазъи кунунӣ ва оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир ва зиёни расида аз он ба мардум ва иқтисодиёти Тоҷикистон маълумот дод. Таъкид шуд, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, хисороти расида ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ то имрӯз беш аз 50 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Расулзода қайд кард, ки бар асари офатҳои табиии рӯзҳои ахир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рӯшони ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорӯ гузоштаанд.
Ӯ аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват кард, ки дар масъалаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.
«Дар навбати худ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба иштирок ва кумак дар корҳои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуданд», – зикр мегардад дар маълумоти ҳукумат.



