Ҷоизаҳои нахустини толибилмони ягона литсейи русии Душанбе

Толибилмони ягона литсейи русӣ дар шаҳри Душанбе ба дарёфти нахустин медалҳо дар олимпидаи байнулмилалӣ шарафёб гардиданд. Хонандагони ин муассисаи таълимӣ Юсуфбек Отабеков ва Рустам Абдувоҳидов дар олимпиадаи байнулмилалӣ миёни толибилмони кишварҳои узви ИДМ (5-17 июл, ш. Маскав) аз фанни математика ҷоизаҳо ба даст оварданд. Ин олимпиада бо мусоидати Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии Маскав («МИСиС») созмон […]

Меҳрангез Турсунзода



Толибилмони ягона литсейи русӣ дар шаҳри Душанбе ба дарёфти нахустин медалҳо дар олимпидаи байнулмилалӣ шарафёб гардиданд.

Хонандагони ин муассисаи таълимӣ Юсуфбек Отабеков ва Рустам Абдувоҳидов дар олимпиадаи байнулмилалӣ миёни толибилмони кишварҳои узви ИДМ (5-17 июл, ш. Маскав) аз фанни математика ҷоизаҳо ба даст оварданд. Ин олимпиада бо мусоидати Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии Маскав («МИСиС») созмон дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз моҳи марти соли равон хонандагони литсейи №1-и пойтахт дар олипиадаи байнулмилалӣ ба номи Ҷолдасбеков аз фанни математика ба гирифтани медалҳо даст ёфта буданд: Рустам Абдувоҳидов ба медали тилло, Юсуфбек Отабеков ва Олмазхон Шаҳринисо ҳар кадоме ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гардида буданд.

Қобили зикр аст, ки нахустин литсейи русии тамоили таълими физикаву математика дар Душанбе моҳи феврали соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намуд ва имсол хонандагони ин муассисаи таълимӣ бори нахуст ҷоизаҳои байнулмилалӣ ба даст оварданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.