Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум 18 қонуни ҶТ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул гардида буданд, ҷонибдорӣ ёфтанд.
Тавре аз дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, инчунин 4 пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишин мавриди барраси қарор гирифта, дар шаҳри Ваҳдат номи 12 деҳа, дар ноҳияи Файзобод номи 14 деҳа, дар ноҳияи Варзоб номи 6 деҳа ва дар ноҳияи Вахш номи 19 деҳа тағйир дода шудаанд.
Ҳамзамон масъалаҳои интихоб ва бозхонд намудани судьяҳои Суди Олии ҶТ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Инчунин намояндагони палатаи болоии парлумон дар Суди Конститутсионии ҶТ ва Шӯрои адлияи ҶТ интихоб гардиданд. Дар иҷлосия ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра тағйиру илова ворид гардидаанд.



